Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қирғизистон самолёти Тоҷикистонро дубора бо мусофиронаш ба Душанбе фиристод

Пеш аз парвоз ҳеч кас мусофиронро дар бораи баста будани марзҳои Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон огоҳ накарда буд.

Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон, ки шаби 25-уми май ба Бишкек парвоз карда буд, пас аз чаҳор соати интизорӣ, субҳи 26-уми май дубора бо мусофиронаш ба Душанбе пас гашт.
Мақомоти Қирғизистон ба тақрибан 200 мусофири ҳавопаймо иҷозаи вуруд ба хоки ин кишварро надодаанд.
Айни замон ҳудуди сад мусофири дигари тоҷик, ки бояд ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар раванд, дар фурудгоҳи Бишкек банд мондаанд. Чанде аз мусофирон гуфтаанд, ки пеш аз парвоз ҳеч кас онҳоро дар бораи баста будани марзҳои Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон огоҳ накарда буд.
Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки ҷониби Қирғизистон дар ин бора расман онҳоро огоҳ накардааст.

Улуғбек Марипов, роҳбари ҳукумати Қирғизистон, рӯзи 24-уми май гуфта буд,ки “чанде пеш дар бораи комилан қатъ кардани равуо тавассути марзи давлатӣ бо Тоҷикистон қарор қабул шуд”. Вай гуфт, ин вазъ то замони ҳалли баҳсҳои марзӣ идома хоҳад кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.