Қосим Роҳбар ба роҳбарон роҳбарӣ меомӯзад

Санаҳои 28 — 30 апрели соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, масъули самти маҳал, роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” баргузор гардид.
Дар он Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар дар мавзуи: “Мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷроиши барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо”, оиди баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳал, тавассути самаранок истифода бурдани иқтидору захираҳои мавҷуда, муҷаҳҳаз ва таҷдид намудани онҳо бо технологияҳои муосир ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои навӣ корӣ, тартиби таҳия, арзёбӣ ва омилҳои мусоидаткунанда ба иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо суханронӣ намуд. Ӯ оид ба тарзи роҳбарӣ дар сохторҳои давлатӣ ва муваффақона пеш бурдани идоракунии давлатӣ ба омӯзандагони курс аз таҷрибаи худ низ ҳарф зад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *