Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қурбонбои 75 сола: Ба сарам бо мушт заданду гови ҷӯшоиямро куштанд

Омаданду чашмонамро баста ба маҳалли дидбонгоҳ бурданд ва яке аз сарҳадбонҳо ба сину соли ман нигоҳ накарду ба сарам ба мушт зад

Марзбонони қирғиз аз панҷ шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ду нафари онҳоро озод кардаанд.
Се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти қирғиз, шаби 28-уми май ҳангоми убури марз дар ҳудуди Уши Қирғизистон ва ду нафари раҳошуда рӯзи 26-уми май дар мавзеҳои баҳсӣ боздошт шудаанд.
Дар ҳукумати вилояти Уш ба хабаргузории“Клуб” гуфтаанд, ки ин се нафар аз Бишкек озими Тоҷикистон буданд ва ду нафари онҳо бо худ санад надоштаанд.
“Онҳо нақл кардаанд, ки дар корхонаи истеҳсоли хишт дар Бишкек кор мекарданд ва ҳуҷҷатҳояшонро дар ҷойи кор гузоштаанд. Танҳо як нафари онҳо шиноснома доштааст”,–гуфтаанд ба ин хабаргузорӣ.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, онҳоро сокинони маҳаллӣ боздошт ва ба марзбонон таслим кардаанд.
Номи ин шаҳрвандон ва сарнавишти онҳо маълум нест ва мақомоти тоҷик то кунун дар бораи онҳо хабар надодаанд.
Ду нафари озодшуда, Субҳониддин Бобоеви 27-сола ва Қурбонбой Мараҷабови 75- сола, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ҳангоми говчаронӣ ва ҷустуҷӯи чорпоёни худ боздошт шуда будаанд.
Рӯзи 28 уми май дар Шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Исфара ҳардуи онҳоро ташхиси тиббӣ намуда ва аз онҳо дар бораи ҷараёни таъқиби сарҳадбонҳои қирғиз забонхат гирифтаанд.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара ба Озодӣ гуфтааст,ки мақомоти умури дохила пас аз ошноӣ бо баёноти Субҳониддин Бобоев ва Қурбонбой Мараҷабов тасмим гирифтаанд, аз пайи таҳқиқи ҳодиса шаванд.
Қурбон Мараҷабови 75-сола сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ҳоисаи дастгир шуданаш аз дасти сарҳадбонҳои қирғизро чунин нақл кардааст.
Дар ибтидо ӯ гуфт, ки рӯзи ҷумъа ҳамроҳи Субҳониддин Бобоев ба Шӯъбаи милисаи шаҳри Исфара рафта, ариза навишт ва аз ҳодисаи ба сарашон омада шикоят кардаанд.
Вай гуфтааст,ки рӯзи чоршанбе вақте ки дар маҳалли “Даҳанаи Дарвоза”-и Хоҷаи Аъло говҳояшро мечаронид, аз баландие, ки аз тарафи сарҳадбонҳои қирғиз назорат мешавад, се нафар омаданду говҳояшро ба ҳар тараф ронда, як гови ҷушоияшро ба самти худашон бурданд. “Ман ҳамроҳи писари хурдсолам будам ва дидам, ки говро сарҳадбонҳо бурданд ва ҳеҷ сар намедиҳанд. Писарамро гурезондам, ки зарараш нарасонанд ва худам ба суроғи гови ҷушоӣ рафтам. Ба назди сарҳадбонҳо омадам ва аз онҳо пурсиданӣ шудам, ки гови ман куҷо шуд. Омаданду чашмонамро баста ба маҳалли дидбонгоҳ бурданд ва яке аз сарҳадбонҳо ба сину соли ман нигоҳ накарду ба сарам ба мушт зад. Чашмони ман баста буданд, пурсид, ки дар инҷо чӣ кор мекардӣ. Ман гуфтам, ки говамро суроғ дорам. Ба хашм омадам, гуфтам, ки аз ман чӣ мехоҳед, гуфтед, ки гапи бад намезанед, боз ба сарам ба мушт задед. Агар маро куштан мехоҳед, кушед. Яке сарҳадбонҳо хандида омад ва чашмонамро боз кард”, —мегӯяд, Қурбонбой.
Вай гуфт, аз онҳо пурсидам, ки гови маро сар диҳед, ба хонаам барам, ки як сарҳадбон гуфт, ба тарафи сой рафтааст ва ҳеҷ чиро намедонам, ки гов куҷо шудааст.
Қурбонбой мегӯяд, “вақте дар мошин маро ба тарафи Хоҷаи Аъло меоварданд, дидам, ки гови ҷӯшоиям, ки нав гусола карда буд, аз ҷар тела додаанд ва афтода мурдааст.” Ӯ гуфт, дар ҳақиқат имрӯз ӯ ва Субҳониддин Бобоевро Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара даъват карданд ва ташхис карданду забонхат гирифтанд.
Қирғизистон эълон кард, ки аз рӯзи 21-уми май марз бо Тоҷикистонро бастааст. Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар ин кишвар дармондаанд ва имкони мустақими ба Тоҷикистон баргаштанро надоранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.