Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қурбониёни садамаи лифти ҳавоӣ ба 14 нафар расид

Ин лифтҳои ҳавоӣ дар осоишгоҳҳои кӯҳии Италия аз сабаби пандемияи коронавирус муддати дароз баста буданд.

Теъдоди қурбониёни садамаи нақлиётӣ дар Италия ба 14 нафар расид, ва инак боз як кӯдаки нӯҳсола дар беморхона вафот кардааст, хабар медиҳад ANSA. Вазъи боз як ноболиғидигар, ки ҳоло дар муассисаи тиббӣ қарор дорад, вазнин арзёбӣ мешавад. Ёдовар мешавем, ки ҳодиса рӯзи 23 май дар роҳи ҳавоӣ (канатная дорога) , дар куҳҳои Алпҳои Ғарбӣ (шимоли Италия) рух додааст. Ҳангоми ҳаракат, кабели кабинаи роҳи ҳавоӣи канда, кабина, ки дар он 15 нафар буданд, аз баландии 20-метра ба нишеби кӯҳи Моттароне афтод. Хадамоти наҷотдиҳӣ гуфт, ки 13 нафар, аз ҷумла як кӯдаки дусола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду нафар маҷрӯҳ шуда, бо шикастанизахмҳои сершумор ва ҷароҳати вазнини сар ба беморхонаи Турин интиқол дода шуданд. Ин лифтҳои ҳавоӣ дар осоишгоҳҳои кӯҳии Италия аз сабаби пандемияи коронавирус муддати дароз баста буданд. Онҳо танҳо як моҳ пеш ба кор андохта шуда буданд. Бори охир ин лифтҳои ҳавоиро соли 2016 навсозӣ карда будаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.