Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Қурбониёни зилзила дар Гаити аз 2000 нафар гузашт

Ҳукумати Гаитӣ,ки дар Ҷазираҳои Кариб (Амрикои Марказӣ) ҷойгир аст, мегӯяд, ки шумораи тасдиқшудаи ҷонбохтагони заминларзаи 14 август дар ин ҷо тақрибан ба 2000 нафар расид, зеро тӯфони тропикӣ ба наҷотдиҳандагон ва кӯшишҳои рафъи пайомадҳои зилзила халал расонд. Бунгоҳи ҳимояи шаҳрвандии Гаитӣ рӯзи 17 -уми август гуфт, ки шумораи тасдиқшудаи қурбониёни заминҷунбӣ то ба 1941 нафар афзуд, вале он ҳамаро дар бар намегирад. Ҳамҷунин наздики 10 ҳазор кас маҷрӯҳ шудаанд. Обхезӣ ва борони шадид, ки тӯфони тропикии Грейс ба Гаитӣ овард, талошҳоро барои ҷустуҷӯи наҷотёфтагон ва кумак ба мардуми бехонумон қатъ кард. Аз зилзилаи 7,2 дараҷаӣ беш аз 60,000 хона вайрону валангор шуда, гумон меравад, садҳо ҷасад зери шикастпораҳои биноҳо мондаанд. Ба кӯмаки ҳамсоякишвари худ Ҷумҳурии Доминикан ва Мексика шитофтанд ва ғизову маводи тиббиро интиқол доданд. Колумбиа ба Гаити тимҳои наҷотбахшро фиристод. Як мақоми USAID гуфт, ИМА ба Гаитӣ ёриҳои фаврӣ ва ҳам дастаи 65-нафарии наҷотбахш фиристод, ки бо дастгоҳҳои вижа ҷустуҷӯи одамон дар зери оворҳо кӯмак мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.