Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳалокати Раъно ва Шералӣ дар садамаи нохуш

Рӯзи 15-уми феврали соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа дар натиҷаи ба садама дучор гардидани автамашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шералӣ Норбоевич ва Раъно Одилова ҳалок гардиданд. Дар ин бора дафтари матбуотӣ ВКД хабар медиҳад.

 Гуфта мешавад, ки ронандаи автомабил Шералӣ Норбоев соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштиҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст. 

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Шамсиева Раъно Одиловна, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, Комилов Ш.Н. низ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Саида 18.02.2020 11:30

    Гуфта мешавад, ки ронандаи автомабил Шералӣ Норбоев….Худи ронанда, Комилов Ш.Н. низ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.??????

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.