Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Душанбе меояд

Дар Тоҷикистон размикорони тайёр низ ҳаст, ки тавони гирд овардани шумораи зиёди тамошобинонро доранд

Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов изҳор доштааст, ки мехоҳад дар Душанбе як мусобиқаи калон баргузор кунад, чун ҳаводорони ин намуд варзиш дар Тоҷикистон ниҳоят зиёданд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди нақшаҳои минбаъдаи худ дар ояндаи наздик ибрози назар кард.

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, аз Ҳабиб пурсида шуд, ки нияти дар Тоҷикистон баргузор кардани мусобиқаро дорад ё хайр, ҷавоби мусбат дода шуд.

«Бале, мо чунин ният дорем. Зеро он ҷо теъдоди ҳаводорони ин намуд варзиш зиёд буда, ҳамзамон размикорони тайёр низ ҳаст, ки тавони гирд овардани шумораи зиёди тамошобинонро доранд», — тавзеҳ дод Нурмуҳаммадов.

Размикори доғистонӣ илова намуд, ки соли оянда ҳатман як мусобиқа дар Тоҷикистон баргузор мешавад. (Спутник)

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.