Ҳалокати чор сокини Панҷакент аз таъсири гази карбон дар кони ангишт

Чор нафар сокинони деҳаи Ғезани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки ду нафари онҳо бародарон будаанд, ҳангоми ангишткании ғайриқонунӣ дар кони ангишти наздикии мавзеи Ишакон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз гази карбон заҳролуд шудаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вақте шабона онҳо ба хона барнамегарданд, пайвандонашон ба ташвиш омада, ҳамаро ба по мехезонанд. Соати 20:30 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо онҳо вориди кон шуда ва ҷасади ҳалокшудагонро берун овардаанд. Ҳалокшудагон 33, 38, 51, 54 сол дошта, соҳиби оилаву фарзандон будаанд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки аз худсарона ва бе риояи қоидаҳои бехатарӣ кандани ангишт дар конҳо ва манбаъҳои ангишт худдорӣ намоянд.
— Танҳо куҳканҳои ботаҷриба ва кормандони конҳо метавонанд бо доштани либоси махсус ва воситаҳои техникӣ, ҳамчунин риояи ҷиддии кулли қоидаҳои бехатарӣ саргарми ин кор шаванд,- тавсия додааст ин ниҳод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.