Ҳамқадами Истиқлол. Аз таъсиси филиалҳои ДССХ дар Суғду Хатлон то имтиёз ба муҳассилину устодон

Имсол аз таъсиси Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ки  ҳамсол ба Истиқлоли кишвар аст, 30 сол пур мешавад. Дастовардҳои  ин муассаи олӣ давоми 30 сол зиёданд, аммо  ташрифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва  ифтитоҳи биноҳои нави таълимии донишкада  муҳимтарин дастовард унвон мешавад. Бо Убайдулло Асрорзода, ректори донишкадаи мазкур доир ба вазъи таълим ва муваффақиятҳои муассисаи олии зери тобеаш суҳбат намудем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандагон мегардад. 

Убайдулло Асрорзода, ректори донишкада

-Муҳтарам ректор, дар ибтидо Шумо ва ҳайати устодону донишҷӯёнро ба муносибати 30 – солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, ки он ҳамқадами Истиқлоли кишвар аст, шодбош мегӯем. Аз нигоҳи Шумо, дар ин давра дастоварди муҳими донишкада кадом аст?

-Албатта, аз ибтидои фаъолият то имрӯз донишкада ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Зеро роҳбарони ин таълимгоҳи олии риштаи иқтисодӣ ҳамеша барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, рушди донишкада ва боло бурдани нуфузи он  дар арсаи байналмилалӣ талош намудаанд.

 Вале имсол барои устодону донишҷӯёни донишкада таърихӣ ва  фаромӯшношуданист. Зеро  1 –уми сентябри соли равон  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд. Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3 — ошёна мебошанд, ба истиқболи  30 – солагии  Истиқлоли давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҳисоби маблағҳои худи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бунёд шуданд. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла, ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд.  Ҳамчунин, иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.  Бо бунёди биноҳои нави таълимӣ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 3 ҳазору 500 донишҷӯ шароити хуб фароҳам гардид. Умед дорем, ки минбаъд омӯзгорони донишкада дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ аҳамияти бештар медиҳанд.Ҳоло дар донишкада барои омӯзондани мутахассисони оянда дар  соҳаҳои муҳими блоки иқтисодии кишвар  беш аз 200  омӯзгори ботаҷриба ва соҳибунвон  фаъолият доранд.

DCIM\100MEDIA\DJI_0014.JPG

-Айни замон дар донишкада аз рӯйи чанд ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд? 

-Ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 53 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) таълим мегиранд. Ин даргоҳи илму маърифат мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ, меҳмондорӣ, соҳибкорӣ, саноат, хизматрасонӣ, идоракунии давлатӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, фаъолияти гумрукӣ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, молия ва қарз, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодиёти рақамӣ тайёр намуда, ба яке аз муассисаҳои таълимии олии бисёрсоҳаи пешқадам табдил ёфтааст. Умуман, давоми 30 сол  дар донишкада барои соҳаҳои муҳими иқтисоди  мамлакат зиёда аз 12 ҳазор мутахассиси баландихтисос омода шудаанд.

-Донишкада чӣ потенсиал дорад?

— Сол то сол заминаи моддӣ — техникии донишкада таҳким ёфта, сохтори ташкилӣ — идоракунии он низ мукаммал гашт. Донишкада дорои литсейи тамоюли иқтисодӣ, 6 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ — педагогӣ, беш аз 800 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 2 толори маҷлис, 2 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, 150 синфхона, 11 озмоишгоҳи таълимӣ, матбаа, парки технологӣ ва ошхона мебошад. Ҳамасола  беш аз 95 дарсади хатмкардагони литсейи донишкада  шомили макотиби олӣ мегарданд.  Ҳоло Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имкон дорад, ки 7 ҳазору 557 нафар донишҷӯро ба донишомӯзӣ фаро гирад.

— Бештари роҳбарони муассисаҳои олии кишвар талош мекунанд, ки бо талаботи бозори меҳнат нигоҳ карда, ихтисосҳои нав боз кунанд ва аз акредитатсияи байналмилалӣ гузаронанд.  Оё соли равон ягон ихтисоси  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳам  аз акредитатсия гузашт?

—  Бале, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар самти байналмилаликунонии таҳсилот дар соли таҳсили 2020-2021 се ихтисоси донишкада:  сайёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, барномаҳои таълимии ихтисосҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонда шуданд.

-Тавре огоҳ ҳастем, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои донишкада дар вилоятҳои Суғду Хатлон боз гардиданд. Нақшаҳо дар ин самт чӣ гуна аст?

— Бале. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои донишкада дар вилоятҳои Суғду Хатлон, аниқтараш дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Леваканд таъсис ёфтанд ва аллакай фаъолият дар филиалҳои мазкур шуруъ гардид. Боиси тазаккур аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 –уми сентябри соли равон ҳангоми  ифтитоҳи биноҳои таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ҳамзамон, аз рафти корҳои сохтмони филиали донишкада дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон тариқи маҷозӣ шинос гардиданд. Филиали бунёдшавандаи донишкадаи мазкур аз 8 – ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 200 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша он то соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад. Ният дорем, ки дар дигар минтақаҳои сераҳолии Тоҷикистон низ филиалҳои донишкадаро бо тамоми шароити таълимӣ ифтитоҳ намоем. Дар доираи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мақсад дорем дар оянда барои мақоми донишкадаро ба донишгоҳ табдил додан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоем.

-Қаблан атрофи таъсиси факултети муштараки сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия гуфтугузор буд. Оё ин амалӣ шуд?

-Албатта, мо ба ин мақсади худ расидем ва моҳи марти соли ҷорӣ факултети муштараки сайёҳии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия таъсис дода шуд. Дар ин факултет мутахассисон аз рўйи 3 ихтисоси риштаи сайёҳӣ омода карда мешаванд. Тибқи шартномаи ҷонибҳо таҳсили донишҷўён 2 сол дар Тоҷикистон ва 2 сол дар Россия ба роҳ монда мешавад.

-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад. Аъзои ин созмон будан ба донишкада чӣ медиҳад?

— Ин яке аз дастовардҳои намоёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мебошад, ки соли сипаришуда ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё шомил шуд.  Ин имкон медиҳад, ки робитаҳои хориҷии донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёбад. Умуман, донишкада дар тӯли фаъолияти худ чор маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ буданашро дар амал исбот намудааст.

Раёсати донишкада ба рушди робитаҳои хориҷии донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳои дохилию хориҷ аз кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Танҳо дар нимсолаи соли равон 22 шартномаву созишнома ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY)) ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад

-Оё стипендияи ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат амал мекунад?

-Бале. Имсол дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯёни фаъол Стипендияи ректори донишкада таъсис дода шуд.

Дар асоси  низомнома, донишҷӯёни дорои 70 фисади баҳои аъло, рафтори намунавӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ соҳиби стипендия мешаванд. Гирандагони стипендияи ректори Донишкада, инчунин, аз супурдани ҳаққи шартномаи таҳсил озод ҳастанд. Маблағи стипендия 300 сомониро ташкил дода, аз ҳисоби маблағҳои махсус пешбинӣ шудааст.

-Устодоне, ки дар роҳи илм муваффақанд, чӣ имтиёз доранд?

-Аз ҷониби раёсат ҷиҳати ҳавасмандии бештари ҷавонону устодони донишкада ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҳимояи саривақтии рисолаҳои номзадӣ ба ҳар нафар ба андозаи 10 000 сомонӣ тақдим карда мешавад. Соли 2020 ба 5 нафар устодон, ки рисолаҳои худро ҳимоя намуданд, ба андозаи 10 000 сомонӣ дода шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандони донишкада шурӯъ аз 1 октябри соли 2020 музди маоши вазифавии кормандон мутаносибан то 30% баланд бардошта шуда, кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ низ пайваста ба ашхоси ниёзманд расонда мешаванд. Дар донишкада 7 нафар донишҷӯи ятими кулл пурра аз маблағи таҳсил озод карда шуда, онҳо мунтазам аз кумакҳои моддиву маънавӣ бархӯрдор мешаванд.

— Бо ин ҳама дастовард оё вазъи таълим дар донишкада шуморо қаноатманд мекунад?

— Мониторинги сифати таҳсилот дар гурўҳҳои таълимӣ-академӣ нишон дод, ки донишазхудкунии донишҷўёни донишкада ба 84,3 дар сад расидааст. Яъне, ин нишондиҳандаи бад нест ва моро ба ояндаи нек умедвор мекунад.

-Дар донишкада гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони англисӣ низ мавҷуд ҳаст?

— Бале. Аз ибтидои соли таҳсили 2021-2022  4 ихтисоси нав таъсис ёфтанд, ба забони англисӣ таълим мегиранд. Дар баробари гурўҳҳои амалкунандаи таҳсилашон бо забони англисӣ дар зинаи бакалавр боз аз рўйи ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ гурўҳи таҳсилаш бо забони англисӣ ташкил карда шуд.

-Дар оянда чӣ нақша доред?

— Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи биноҳои нави таълимии донишкада, ба корҳои сохтмонии боз як бинои дигари таълимии иловагӣ оғоз бахшиданд. Ин бино аз 8 ошёна бо  маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ иборат хоҳад буд. Ният дорем, ки дар муддати кӯтоҳтарин ин биноро ҳам бо сифати баланд сохта, ба истифода диҳем ва шароити таълиму тарбияро беҳтар намоем. Мутобиқи лоиҳа утоқҳои корӣ, толорҳои маҷлисӣ, синфхонаҳои таълимӣ, амбор, маркази табъу нашр, толори тенис, синфхонаи маҳфили шоҳмот, бахши хизматрасонии техникӣ ва хизматрасон дар бинои нав ҷой дода мешавад.

Усмон РАҲИМЗОДА,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *