Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳамла ба хонаи Вазири мудофиа

Бар асоси иттилои расмӣ, назди биное, ки дар ноҳияи Шаҳринави Кобул ҷойгир аст, мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуда, афроди мусаллаҳи номаълум вориди манзили Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ гардидаанд. Шахсияташон феълан маълум нест.
Гуфта мешавад, ки феълан даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни номаълум идома дорад.

То ҳол ягон созмони террористӣ масъулияти инфиҷор ва ҳамла ба хонаи вазири дифои Афғонистонро ба дӯш нагирифтааст.
Дар зимн инчунин аз таркиш дар назди гузаргоҳи назоратии пеши сафорати Эрон дар Афғонистон хабар дода мешавад.

Ин ҳамла дар ҳолест, ки генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ моҳи июн ба мақоми вазири дифои Афғонистон таъйин гардид. Ӯ тоҷик, узви Шӯрои Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай низ лудиристиз – сардори Ситоди вазорати дифоъ ва вазири дифоъ буд.

Бисмиллоҳхон дар мақоми вазирӣ Асадуллоҳ Холид, паштун ва узви Ҳизби даъвати Расули Сайёф, як чеҳраи маъруфи зидди Толибонро (дар Тоҷикистон мамнӯъ) иваз кард. Холид се сол ба ин сӯ вазири дифои Афғонистон буд ва ба далели маризӣ дигар қудрати идомаи корро надошт.
Таъйиноти Бисмиллоҳхон ба замони фаъолшавии ҷангиёни Толибон(дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар музофотҳои гуногуни Афғонистон рост омад.
Спутник

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.