Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳамлагар ба сафорати Тоҷикистон маълум шуд

Кормандони амниятии сафорат ҳамлагарро безарар гардонида, дар натиҷа касе ҷароҳат набардоштааст.

Дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба корманди сафорат ҳамла карданд, хабар дод як манбъ.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳамлаовар бо корд мусаллаҳ буд.
Тавре маълум гардидааст, ҳамлаовар Шамил Мустқимзодаи 28-сола, ҷонибдори ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон, гурӯҳи террористӣ) мебошад.
Дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва нисбаташ бо моддаи 307, қисми 1 барои даъвати ошкоро ба фаъолияти экстремистиву террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Пас аз он,ки ҳамла овардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба куштори кормандони сафорат даъват ба амал овардааст.
Ӯро кормандони амниятии сафорат безарар гардонида, дар натиҷа касе ҷароҳат набардоштааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки аз ҳодиса хабар дорад, аммо такзиб ё тасдиқ карда наметавонад.
“Спутник”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.