Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳамрализода дар Амрико сафир шуд

Ҳамрализода дар Амрико сафир шуд Бино ба тағйироти кадрие, ки рӯзи 4-уми декабр сурат гирифт, Фаррух Ҳамрализода аз мансаби раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон озод ва айни замон намояндаи расмии Душанбе дар Амрико таъйин шуд. Фарҳод Салим, сафири пешини Тоҷикистонро дар Иёлоти Муттаҳида бо сабаби «ба кори дигар гузаштан» аз ин мақом гирифтаанд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир шуд. Онро барои тасдиқ ба порлумон фиристоданд. Фарҳод Салими 45-сола, писари Абдумаҷид Достиев, сафири пешини Тоҷикистон дар Русия, 15-уми майи соли 2014, чанд рӯз баъди барканор шудани падараш аз ин мақом, сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин гашт. Ӯ пештар дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст. Дар бораи мансаби нави ӯ иттилое нашр нашудааст. Фаррух Ҳамрализода, ки ҳамакнун ба мансаби сафири Тоҷикистон дар Амрико расид, солҳо дар бахши иқтисоду сармоягузорӣ кор мекард. Ӯ 54-сола аст ва чанд давр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ буд. Ҳамчун мушовири иқтисодии президент, раиси Палатаи ҳисоб ва вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Саъдӣ Қодирзода, ки дар гузашта раёсати Хадамоти зиддиинҳисориро ба уҳда дошт ва номаш дар авҷи боло бурдани нархи Интернет вирди забонҳо шуд, раиси нави Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин гардид. Вай тайи моҳҳои ахир дар Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.