Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳаво сард мешавад, оё гули дарахтонро метавон муҳофизат кард?

Барои ин,бояд дар зери дарахти пургул бо истифода аз маводи сӯхтании сердуд(таппӣ) ва дигар масолеҳе,ки дудашон то дер вақт меистад, дар сатил ва ё ягон зарфе,ки аз сухтор эмин нигоҳ дошта тавонад, оташ афрухт.

Тавре Ҷамила Байдуллоева, роҳбари Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба хабарнигори pressa.tj гуфт, рӯзҳои 25 — 26 феврал ба ҷумҳурӣ мавҷи ҳавои сард ворид гардида, ҳарорат нисбати рӯзҳои охир то 20 дараҷа сардтар мешавад.

Ба гуфти ӯ, дар бисёр минтақаҳои кишвар барф ва дар водиҳо асосан борон меборад. Аммо шабона ҳарорат ба 3-4 дарҷаи манфӣ мефарояд. Ин сардиҳо то оғози моҳи март идома хоҳанд ёфт.
Ҳоло дар аксари навоҳии ҷанубии кишвар (дар ноҳияҳои доманакуҳи шимоли кишвар низ) дарахтони барвақтӣ ғарқи гул шуданд. Хусусан, зардолу, бодом ва навъҳои пешпазаки дигар дарахтон имсол аз сабаби гарм омадани аввали моҳи феврал аллакай гул карданд. Дар ҳолати дубора сард шудани ҳаво оё имкони нигоҳ доштани ин меваҳо аз офат ҳаст? Бо ин савол pressa.tj ба Қурбоналӣ Партоев, зироатшинос, коршиноси масоили кишоварзӣ муроҷиат намуд. “Бале, мешавад, агар як ё ду дарахт бошад. Аммо дар маҷмӯъ сардии аз сифр поён барои гули дарахт хатарнок аст. Ҳосили дарахтони алоҳидаро метавон то андозае бо роҳи “гарм” кардани дарахтон нигоҳ дошт. Барои ин, бояд дар зери дарахти пургул бо истифода аз маводи сӯхтании сердуд(таппӣ) ва дигар масолеҳе, ки дудашон то дер вақт меистад, дар сатил ва ё ягон зарфе, ки аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта тавонад, оташ афрӯхт. Ин оташафрӯзӣ бояд танҳо аз дуд иборат бошаду ба пояи дарахт зарар нарасонад. Дар вақти сардии ҳаво то андаке гарм шудани ҳарорат ин корро бояд давом дод. Чунин амал имкони нигоҳ доштани як қисми ҳосилро медиҳад. Аммо тавре огоҳ кардам, ин кор танҳо барои дарахтони алоҳида натиҷа медиҳад ва боғҳои пургули калонро бо “дудандозӣ” наметавон аз сардӣ наҷот дод”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.