Ҳавои Тоҷикистон: аз 20 дарҷа хунукӣ то 23 дараҷа гармӣ

Ду шабонарӯзи наздиктарин дар ВМКБ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.

Агентии  ҳавошинос Тоҷикистон  мегӯяд, ки дар ғарби ин вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳамзамон ҳаво дар қисмати шарқии вилоят рӯзона 9-14 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа ва рӯзона то 1-6 дараҷа ҳаво сард мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.

Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш гузориш шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.