Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст, вале 74 нафар гирифтори беморӣ

Дар Тоҷикистон як ҳолати марг аз вируси корона дар давоми 24 соати гузашта ба қайд гирифта шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.

Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир 74 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст, ки 4 ҳолат нисбат ба рӯзи гузашта кам аст.

“Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 87 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 74 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд”, – гуфтааст, Вазорати тандурустӣ.

Аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14592 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14096 нафар (96,5%) шифо ёфтаанд.

Ҳамзамон бо изофаи як фавтидаи дигар, теъдоди қурбониёни бемории мазкур ба 117 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.