Ҳуҷуми хирс ба сокинони Ванҷ

Баъд аз ҳамлаи хирс дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ду кас захмӣ шудаанд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҳодиса 19-уми октябр дар ҷангали деҳаи Ғумаст рӯй дод. Ба гуфтаи манбаъ, субҳи он рӯз хирс ба сокинони 14 ва 48-солаи деҳаи Вишхарв, ки ба ҷамъоварии ҳезум машғул буданд, ҳамла карда, сахт захмӣ намудааст. Ҳардуро дар бемористон хобондаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар фасли тирамоҳ аз ҳамлаи хирсҳо эҳтиёт кунанд. “Зеро дар ин мавсим хирсҳо фаъол мешаванд ва метавонанд, барои захираи зимистон ба маҳалли зисти сокинон наздик шаванд”, — гуфтанд дар Кумита. Қаблан низ ҳамлаи хирсҳо ба сокинони минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.