Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳунарпешаи халқии тоҷикистон Марям Исоева таҳти назорати табибон қарор дорад

Имрӯз, 10 июли соли равон дар сомонаҳои интернетӣ вобаста ба вазъи саломатӣ ва ҳамчунин сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ки дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо нишонаҳои бемории коронавирус бистарӣ шудааст, хабарҳо ба нашр расиданд, ки гӯё табибон нисбат ба назорати номбурда хунукназарона рафтор менамудаанд.

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи саломатии ҳунарманд бегоҳии имрӯз тибқи супориши бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода муовини вазир Шодихон Ҷамшед ба беморхонаи мазкур ташриф овард.

Муовини вазири тандурустии мамлакатро д.и.т. профессори кафедраи бемориҳои сироятииДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино Раҳмонов Э.Р, роҳбарияти Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии ш.Душанбе, сартабиб Ҳабибзода Х. Х ҳамроҳӣ намуданд.

Дар ҷараёни боздид муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед нахуст аз рафти фаъолияти беморхонаи мазкур дар мавсими табобати гирифторони бемории сироятии CVОID-19 боздид ба амал овард.

Дар идома Шодихон Ҷамшед дар шӯъбаҳои табобатии беморхонаи мазкур аз аҳволи беморон, махсусан бо рафти табобати Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои сирояти короновирус бистарӣ гардидааст, шинос шуда, бо номбурда суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Маълум гардид, ки барои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева як ҳуҷраи алоҳида ҷудо гардида, номбурда пурра зери назорати табибон, махсусан таҳти назорати профессор Раҳмонов Э. Р ва сартабиби беморхона Ҳабибзода Х.Х қарор дорад.

Ҳамзамон, дар рафти аёдати беморон муовини вазир бо роҳбарият ва табибони беморхона оид ба табобати босифат ва одобу муошират бо беморон, суҳбати муфид гузаронид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.