Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷӯразода, шавҳари зане, ки худро ва се кудакашро овехта буд, боздошт шуд

Боздошти мард 11-уми апрел ва пас аз як рӯзи ёфт шудани ҷасадҳо сурат гирифтааст.

Лазиз Ҷӯразода, сокини шаҳри Панҷакентро баъд аз ёфтаниҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакаш дастгир кардаанд. Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 14-уми апрел гуфт, Ҷӯразода бар асоси моддаи “ба худкушӣ расондан” гумонбар аст. “Муфаттишони прокуратура ҳодисаро таҳқиқ доранд”, — афзуд ӯ.
Дар прокуратураи шаҳри Панҷакент бо далели халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз пешниҳоди иттилоъ худдорӣ кардаанд. Боздошти мард 11-уми апрел ва пас аз як рӯзи ёфт шудани ҷасадҳо сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем,ки ҷасади овехтаи Шаҳло Шарифоваи 31-сола ва се кӯдакаш, Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро рӯзи даҳуми апрел ёфтанд. Ҳодиса дар деҳаи Некноти Панҷакент иттифоқ уфтод ва мардуми зиёдеро ваҳшатзада кард. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳодисаро “худкушӣ” номиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.