Ҷанги сагу пишак, Толибон ДИИШ гуфта киро мекушанд?

Энъомулло Самангонӣ, муовини сухангӯи Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Твиттер навишта аст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ як паноҳгоҳи ДИИ (Дар Тоҷиткистон мамнуъ) -ро дар минтақаи шифохонаи Сидоли ҳавзаи чаҳоруми амниятии Қандаҳор барҳам додааст.

Самангонӣ ҳамчунин навиштааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт паноҳгоҳи ДИИШ тахриб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин амалиёт ба нерӯҳои Толибон осеб нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «Ал-Рӯз» навиштааст, ки нерӯҳои махсуси  Толибон ахиран ба 6 паноҳгоҳи ДИИШ амалиёт анҷом доданд. Вай аз қавли масъулони Идораи иттилоот ва фарҳанги Ҳирот гуфтааст, ки дар ин амалиёт чаҳор узви ДИИШ кушта ва ҳашт нафари дигар боздошт шудаанд.

ДИИШ то ҳол дар бораи даргирии ахир бо Толибон дар Қандаҳор чизе нагуфтааст, вале шаҳрвандон Толибонро ба куштани мухолифонаш зери ниқоби ДИИШ муттаҳам мекунанд. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.