Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷаримабандии Сурайё Қосимова, магар аз рӯи адолат буд?

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозхони шинохта Сурайё Қосимоваро ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Бино ба гузориши нашрияи “Пайк”, Примадоннаи тоҷикро ба он гунаҳкор кардаанд, ки дар Кўлоб зиндагӣ намекунад, аммо аз идораи фарҳанг моҳона мегирад. “Пайк” бо изҳори таассуф ва бо ҳимоят аз овозхони шинохта дар ин моҷаро хабар дод, ки рӯзи 19 июн “соате пеш апаи Сурайё Қосимова бо машаққати зиёд (шояд бо қарз) маблағи ҷаримаро дарёфт карда пардохт кард, яъне кормандони Агентӣ 15 000 сомонӣ ба давлат фоида оварданд. Ба саволи он, ки ин кормандон чӣ қадар зарар ба маънавиёти мардум ва ба обрўйи давлат оварданд, гумон дорам, ҳар як фарди солимақл посух дода метавонад. Ин зарар нарх надорад, чунки болотар аз ҳисоби маблағ аст.”
Абдураҳим Одинаев, мудири бахши Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб дар суҳбат бо нашрияи “Пайк” аз ин идора маош гирифтани Сурайё Қосимоваро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ӯ дар ивази ин маоиш ночиз “хидмат мекард”: «Апаи Сурайёро дар ҳар чорабиние, ки даъват мекунем бе ягон инҷиқӣ қабул мекунад,сари вақт меояд ва аз сидқи дил хизмати мардум мекунад. Дар ҳоле, ки дигар ҳунармандон барои иштирок дар як чорабинӣ то 10 000 сомонӣ талаб мекунанд. Апаи Сурайё бо ҳама ҳунари волояш аз ҳисоби худ меояд ва бепул хизмат мекунад. Мо аз он кас миннатдорем. Моҳонаи каме, ки дар инҷо мегирифт маҳз барои ҳамин хизматҳояш буд.»
Аловуддин Абдуллоев, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон низ дар сўҳбат бо «Пайк» дар посух ба инсуол, ки Сурайё ҳоло барои вилоят чӣ хизмат мекунад? гуфтааст: «Дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии минтақа шаҳр ва вилоят ҳозир аст. Хоҳ рўзи модар бошад, хоҳ ҷашни Истиқлолият, хоҳ Наврўз Сурайё Қосимова ҳозир асту аз сидқи дил хизмат мекунад.»
“Пайк” ин ҳарфҳоро далели рисолаташро иҷро кардани Сурайё Қосимова меномад ва менависад: “Яъне Сурайё Қосимова дар минтақа ҳузур дорад ва рисолаташро пурра иҷро мекунад. Дар ин чорабиниҳо хизмат карда ягон маблағ намеситонад. Аз ҳисоби худ меояд, меравад, мехурад ва мехобад. Ин маънои онро дорад, ки рисолаташро ҷавонмардона ва беҳтар аз дигарон ба иҷро мерасонад.”
Нашрия менависад, ки тасмими Агентии мубориза бо коррупсия шояд асоси қонунӣ дошта бошад, вале дар ҳар сурат тасмиме кӯтоҳбинона аст: “Магар бону Сурайё барои зиндагӣ кардан дар Кўлоб моҳона мегирад ё барои фаолият кардану чорабиниҳоро обод гирифтан? Албатта кормандони Агентии зидди фасод аз рўйи қонун амал кардаанд. Аммо инро фаромўш набояд кард, ки қонун бояд дар хизмати инсон бошад. Аввал андеша мекарданд, ки Примадонна моҳонаашро ҳолол мекунад ё пули бедарди миён мегирад?”
“Пайк” ба хонандагонаш пешниҳод кардааст, ки 15 ҳазор сомонӣ пули ҷаримаи Сурайё Қосимоваро дастаҷамъона ғундоранд, “то аз ин шармандагӣ раҳо ёбем.”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.