Ҷасорати Ҷасур дар Тюмен

Ҷасур Содиров моҳи январи соли 2021 ҳамроҳи оилааш аз Екатеринбург ба шаҳри Ялуторовски вилояти Тюмен кӯчид ва дар бемористони вилоятии №23 ба кор пардохт

Департаменти тандурустии вилояти Тюмени Русия дар як гузориши муфассал аз табиби ҷавони зодаи Тоҷикистон Ҷасур Мансурҷонович Содиров барои табобати як зани солхӯрдаи сокини ин вилоят ситоиш кардааст.
Зани 63-солаи гирифтори пиелонефрити окклюзионӣ (вақте ки санг роҳи аз гурба хичак ҷорӣ шудани пешобро мебандад) дар ҳолати вазнин ба бемористони вилоятии №23 дар шаҳри Ялуторовск бистарӣ шудааст. Ҷарроҳи урологи ҷавон Ҷасур Соидров барои табобати ин зан шеваи нави табобатро, ки қаблан дар ин бемористон истифода намешуд, яъне катетеризатсияи роҳи пешобро истифода бурда, бо кумки систоскоп роҳҳои болоии пешоби зани маризро тоза кардааст. Зани мариз алакай баъди чанд рӯз ба пои худ рост шуда, аз бемористон рухсат шудааст.
Ҷасур Содиров тоза моҳи январи соли 2021 ҳамроҳи оилааш аз Екатеринбург ба шаҳри Ялуторовски вилояти Тюмен кӯчид ва дар бемористони вилоятии №23 ба кор пардохт. Ӯ мегӯяд, кору зиндагӣ дар шаҳрҳои хурдро бештар дӯст медорад, чунки мардум дар шаҳракҳо ва деҳот нисбат ба шаҳрҳои бузург самимитар ва бештар қадршиносанд.
Ҷасур Содиров ҳар ҳафта то 20 беморро қабул мекунад, вале бархе рӯзҳо бояд ба то 2-3 ҳолати вазнин расилагӣ кунад.
Дар солҳои охир ҳазорон нафар аз мутахассисони варзида аз Тоҷикистон ба Русия кӯчиданд. Мақомоти Русия барои ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ имтиёзҳои зиёде пешниҳод мекунад ва ин нафарони дар касбҳои худ пуртаҷриба, аз ҷумла табибонро ташвиқ ба кӯчидан ба он кишвар мекунад. Коршиносон бар инанд, ки чунин мавҷи аз кишвар рафтани мутахассисони варзида, бахусус табибон, барои Тоҷикистон оқибатҳои хубе надорад, чунки кишвар дар оянда метавонад ба камбуди шадиди мутахассисони ҳирфаӣ дучор шавад. Ҷои онҳоро, мутаассифона, онҳое пур мекунанд, ки таҷрибаи зиёд надоранд ва аз лиҳози сатҳи дониш ва омодагии касбӣ аз кадрҳои рафта хеле ақиб мемонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *