Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷонибек ваксин гирифт, шумо ҳам мегиред?

Сарояндаи машҳури Тоҷикистон Ҷонибек Мурод барои ҳифзи саломатии худ алайҳи маризии коронавирус эм гирифт.
Ваксингирии Ҷонибек дар яке аз марказҳои эмгузаронӣ ва шояд дар вилояти Суғд сурат гирифта бошад.
Сароянда дар оғози навор Бисмиллоҳи раҳмону раҳим гуфта, таваккал бар Худо намуду ваксин гирифт.
Ӯ дар ин навор дуо намуд, ки “бигзор тамоми дунё шифо ёбад, вирус гум шавад ва ҳама боз бо хушиву хурсандӣ зиндагиро давом диҳанд”.
Дар навор ҳамшираи шафқат аз Ҷонибек мепурсад, ки ба кадом тарафи даст ваксин ворид кунам ва ӯ посух дод, ки бигзор корро аз дасти рост шурӯъ кунем.
Зимнан, ин сарояндаи муваффақ изҳор дошт, ки “мана нигоҳ кунед, фанд нест ва аз ростӣ эм мегирам”.
Нафароне, ки ҳамроҳи Ҷонибек дар ин утоқ қарор доштанд, пас аз анҷоми ваксингирӣ аҳволи сарояндаро пурсиданд ва посухи ӯ чунин буд: “Зӯр”.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳоло ду ваксин дастрас аст ва афроди аз 18 – сола боло бо ин ваксинҳо эмгузаронӣ мешаванд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то рӯзи 27 июн дар ҷумҳурӣ 205 619 нафар бо ваксинҳои AstraZeneca ва CoronaVac эм карда шуданд.
Спутник

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.