Қазоқистон: Тадбирҳои нав дар марҳилаи нави мубориза бар зидди бемории ҳамагир

Ҳар як давлат шароити худ, ҳувият, муҳити иҷтимоӣ, иқтисод ва мутобиқан, қобилияти мубориза бо бемории ҳамагирро дорост. Баъзе аз кишварҳо тавонистанд бемории ҳамагирро ба зудӣ аз байн баранд, дар ҳоле ки баъзеҳо ҳанӯз дар бӯҳронанд. COVID-19 ба рушди кишварҳо ва нақшаҳои онҳо таъсири мухталиф дошт. Қазоқистон, мисли ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, давраи душвори худро паси сар карда, душвориҳо ва мушкилоти алоҳидаи худро пинҳон намекунад.

Ба монанди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, низоми миллии тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон озмоиши сахтро паси сар мекунад, ҳам шаҳрвандон ва ҳам худи табибон, ки дар сафи пеши мубориза мебошанд, ба беморӣ гирифтор шудаанд. Ба монанди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, дар Қазоқистон талафоти инсонӣ ба амал меояд. Ин ҳама табиист, ки ба рӯҳияи аҳолӣ таъсир мерасонад, ва қаблан бояд эътироф кард, ки аҳолӣ ба иттилоот дар бораи коронавируси нав эътимод надорад.

Табибон, беморхонаҳо, инфрасохтори ҷамъиятӣ, низоми тақсими доруворӣ ва ҳама чизи дигар ҳоло дар ниҳояти доираи имконоти худ кор мекунанд ва таҳти фишори шадид қарор доранд. Тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, сокинон як қатор масъалаҳоро танқид карданд. Дар доираи идеологияи «давлати шунаво» Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷавоб ба дархостҳои ҷомеаи Қазоқистон тадбирҳои фаврӣ меандешад.

Дар илова ба бемории ҳамагир, Қазоқистон ба ваҳму воҳима дучор шуд, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд будани маълумоти гуногун ва мавҷи арзёбии нодуруст дар расонаҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадааст. Ин боиси нофаҳмиҳои муайян дар бораи вазъи воқеии Қазоқистон гардид. Ҳамин тариқ, ба ном инфодемияи марбут ба коронавирус, ки соли равон СҶТ аз он пешакӣ  огоҳ карда буд, аз ҳодисаҳо пешгом шуд  ва ба муболиғаи хатарҳо дар шуури мардум шурӯъ кард.

Дар асл, чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст? Имрӯз дар кишвар беш аз 61 ҳазор беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 375 ҳолати фавт аст. Тибқи таснифоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, Қазоқистон аз рӯи сатҳи беморшавӣ дар ҷаҳон ҷои 31-умро ишғол мекунад (https://coronavirus.jhu.edu/map.html) . Дар чунин шароит, Қазоқистон ба тағйироти вазъи эпидемиологӣ мутобиқ шуда истодааст.

Якум. 10 июл дар ҷаласаи васеи ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қ.Тоқаев натиҷаҳои корҳоро дар самти муқовимат ба сироятёбӣ ҷамъбаст кард ва вазифаҳои нав гузошт. Дар баромади худ Сарвари давлат ба ҳама саволҳои нигаронкунандаи ҷомеаи Қазоқистон посух дод ва дар назди Ҳукумати кишвар вазифаҳои мушаххасеро дар давраи нави мубориза бо COVID-19 гузошт. Президенти кишвар иштибоҳҳо ва норасоиҳоро дар фаъолияти як қатор мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии Қазоқистон ошкоро танқид кард.

Сарвари давлат ба муҳокимаву шубҳаҳо дар бобати омори баҳисобгирӣ нисбати зиёд шудани сатҳи ҳодисаҳо хотима бахшид. Вай қайд кард, ки ҳамаи оморҳо дар Қазоқистон комилан шаффофанд, вале маълумоти мухталиф ба ноустувории вазъ нигаронида шудаанд. Чунин муҳокимаи оммавии ҳама масъалаҳои мубрам ва мушкилоти рӯзмарраи татбиқи чорабиниҳо оид ба мубориза бо сироятёбӣ боз будани давлат ва шаффофияти вокуниши давлатро ба хатари эпидемиологӣ нишон медиҳад.

Дуюм. Дар марҳилаи нави мубориза бар зидди эпидемия, Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон роҳбарияти баландмақоми соҳаи тандурустиро иваз кард. Роҳбари нави ботаҷриба дар сохтори Вазорати тандурустӣ таъин карда шуд ва ба мақомоти давлатӣ барои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи мубориза бар зидди бемории ҳамагир салоҳиятҳои васеътар дода шуданд. Роҳбарияти нави Вазорати тандурустӣ усули ҳисоб кардани беморони коронавирусро тағйир дод, ки ба зиёдшавии шумора ва дарки гуногуни вазъи сироятёбӣ бинобар омори мухталиф таъсир расонд.

Роҳбарияти нав дар вазорат айни замон дастурҳои (протоколи) мукаммали табобати коронавирусро бо назардошти сар задани пневмония, ки аз сирояти коронавирус ба вуҷуд омадааст, таҳия карда истодааст. Маҷмӯи чорабиниҳои иловагӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ аз COVID-19 низ таҳия карда мешавад. Он ба таҷрибаи муассири давлатҳое асос ёфтааст, ки аллакай роҳи ҳалли сироятёбиро ёфтаанд ва дорои нерӯи хуби тиббӣ мебошанд. Масалан, ҳоло дар кишвар гурӯҳи иборат аз даҳҳо пизишк аз Русия кор мекунад, ки таҷрибаи худро дар самти табобати коронавирус бо ҳамкасбони қазоқашон мубодила мекунанд.

Сеюм. Дар посух ба танқиди ҷомеа оид ба норасоиҳо дар таҳвили доруворӣ ва таҷҳизот, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қ.Тоқаев дастур дод, ки роҳбарияти ду созмонро, ки барои тақсими доруворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ масъуланд, иваз кунанд. Аз ҷумла, дар Фонди суғуртаи ҳатмӣ тағйирот ба вуқӯъ омад, ки бояд дастрасии баробари аҳолиро ба хизматрасониҳои тиббӣ таъмин намояд. Роҳбарияти як ширкати давлатии «СК Фарматсия», ки доруҳоро дар тамоми минтақаҳои кишвар тақсим мекунад, иваз шуд. Роҳбарияти нав вазифадор гардид, ки таъмини бефосилаи дорувории заруриро ба роҳ монад.

Президент Қ.Тоқаев инчунин вазифа гузоштаст, ки захираи зарурии доруворӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ таъсис дода шавад. Ҳамин тариқ, дар назар аст, ки дар сурати бадтарин сенарияи сирояти коронавирус, беш аз 4 ҳазор ДНВ харидорӣ карда шавад. Зиёда аз 3000 адад аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ карда мешавад. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон, аз моҳи август истеҳсоли саноатии дастгоҳҳои НВ оғоз меёбад ва навбати аввал иборат аз 595 адад асбоб ба ташкилотҳои тандурустӣ ворид карда мешавад.

Чорум. Дар кишвар як қатор чораҳо оид ба ҳавасмандгардонии иқтисодиёти миллӣ дар шароити таназзули фаъолияти соҳибкорӣ таҳия шуда истодаанд. Ҳукумат ва Бонки миллӣ дар ҳолати бад шудани эҳтимолияти вазъ нақшаи чорабиниҳоро оид ба дастгирии бахшҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ таҳия карда истодаанд. Барои баланд бардоштани самаранокии даромадҳои буҷет, имтиёзҳо ва сабукиҳои андоз таҳлил карда мешаванд. Бо мақсади фароҳам овардани муҳити мӯътадил барои ҷалби сармоягузориҳои мустақим, ба Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон тағйироти зарурӣ ба қонунгузорӣ ворид карда мешавад, то ки барои нигоҳ доштани шароити сармоягузорони стратегӣ субот таъмин карда шавад.

Панҷум. Дар давраи аз 5 то 19 июли соли равон, дар кишвар маҳдудиятҳо дар намуди карантин ҷорӣ карда шудаанд. 14-уми июли соли ҷорӣ қарор қабул карда шуд, ки мӯҳлати карантин дар Қазоқистон ду ҳафтаи дигар то 2 август тамдид карда шавад. Давлат ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ маблағ кӯмак хоҳад кард, инчунин дар сурати муваққатан аз даст додани даромад пардохтҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ, Қазоқистон марҳилаи аввали пандемияи ҷаҳониро дар моҳҳои март-майи соли равон дар шароити инзивои кулл номаълум ва бе талафоти назаррас паси сар намудааст. Эҳтимол, он давра Қазоқистонро ҳамчун кишваре хотирнишон сохт, ки хатари COVID-19 дар он хеле кам аст.

Дар марҳилаи дуввум, пас аз карантин, вақте ки лозим омад бо сироятёбӣ мубориза барем ва иқтисодиётро барқарор кунем, мубориза бо он душвортар гардид, ки сироятёбӣ дар кишвар ба авҷи худ расидааст. Ва муқоисаи ин давра бо моҳҳои гузашта то андозае чунин эҳсосеро ба амал меорад, ки дар Қазоқистон бӯҳрони комил фаро расидааст.

Дар асл, агар аз нуқтаи назари равандҳои умумиҷаҳонӣ нигарем, вазъи имрӯзаи Қазоқистон дар муқоиса бо дигар давлатҳо на беҳтар ва на бадтар аст. Бӯҳрон бо зуҳуроти мухталиф дар ҳама кишварҳо шадидтар аст, имрӯз истисноҳо вуҷуд надоранд. Илова бар ин, тибқи изҳороти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, вазъи сироятёбӣ дар ҷаҳон ҳоло мураккабтар шудааст.

Дар айни замон, дар ҷаҳон ҳеҷ як дорухате дар бобати посух додан ба таҳдиди COVID-19 мавҷуд нест. Ҳар як давлат бар асоси имкониятҳои худ бемории ҳамагирро аз сар мегузаронад. Вазифаи муқовимат ба сироятёбӣ дар Қазоқистон пайваста ҳал карда мешавад, Давлат бо хатогиҳо кор мебарад, ба тамоюлҳои нав мутобиқ мешавад ва оид ба ҳифзи аҳолӣ стратегияи навро таҳияи менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *