Қодиров дабири кулли “Медиа Алянси Тоҷикистон” интихоб шуд.

Менеҷери маъруфи тоҷик ва коршинос Абдумалик Қодиров дабири кулли Ассосиатсияи ҷумҳуриявии журналистон “Медиа-Алянси Тоҷикистон” интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Муним Оламов, дабири кулли газетаи “ИмрузNews”-ро иваз кард. Қаблан ӯ роҳбарии дафтари кории “Internews Network” дар Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

“Медиа-Алянси Тоҷикистон” 31.08.2005 таъсис ёфта, айни замон як қатор ВАО, аз қабили ТВ ва радиои “Регар” (Турсунзода), ШТР “Ватан”, АИ “Авеста.Tj”, газетаи “Вечёрка” (сомонаи vecherka.tj), “Фараж” (faraj.tj), “Самак”, “Ману ту”, “Варзиш-Спорт” (sports.tj), ТҶ “Даст ба даст” (dastbadast.tj), сомонаи TajikMama.tj ва дигар расонаҳоро муттаҳид сохтааст.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *