Қотили Руфейдаи 8 сола дастгир шуд!

Рӯзи 4-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бе ному нишон гум шудани як духтарчаи 8-сола бо номи Руфейда Иноятова паҳн гашта, ҳамагонро сахт ба ташвиш овард. Имрӯз бошад хабари пайдо кардани ҷасади ин тифли бегуноҳро пахш намуда будем, ки дар он ҷо сабаби марги ин духтараки ноком маълум набуд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои фаврӣ ва ташхис кормандони мақомоти тафтишот сабаби марг бо нишонаҳои марги маҷбурӣ муайян шуд.
Бо кушишу талошҳои саривақти ва муташакилона аз ҷониби ниҳодҳои қудратии ВКД ҶТ барои пайдо кардани қотили духтараки 8 сола гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд ва имрӯз қотили ин тифли бегуноҳ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи 2-юми Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ дастгир шуд.

Бинобар нозукиҳои кори тафтишот ва халал ворид накардан ба ҷараёни тафтиш мо аз маълумоти изофӣ худдорӣ менамоем!
Дар ҳақиқат ин амали кормандони РКҶ ВКД ҶТ шоёни таҳсин аст. Кош дар ҳама ҳолату дар ҳама вақт чунин бошад. То мо шаҳрвандони кишвар нафаси осуда гирему аз ҳамагуна тарсу ҳарос эмин монем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *