Уғулойи 8-сола зери чархи мошин ҷон дод

Маҳмадалиева Уғулой Саъдуллоевна, соли таваллудаш 2012, зери чархи “Опел-Астра” монда ҳалок гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 8-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мингбоев Маҳмуд Абдуҳамидович, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Нақшабанди шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Маҳмадалиева Уғулой Саъдуллоевна, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, хурдсол Маҳмадалиева У.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *