Ҳаққи фарзадонатонро баргардонед!!!

Масъулони Раёсати хадамоти иҷро нисбати 81 сокини вилояти Суғд, бинобар насупоридани алимент ё қарзи фарзандонашон кофтукоб эълон намудааст

Амонзода Алиҷон Собир, сардори Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ имрӯз бо зикри ин нукта гуфт, ин теъдод сокинон дар пардохти алимент барои фарзандони худ қарздоранд, вале макони зисти онҳо номаълум аст.

Ӯ гуфт, шояд баъзеҳо барои сарпечӣ намудан аз пардохти алимент дониста макони зисташонро тағйир додаанд, аммо бо ин роҳ онҳо худашонро фиреб медиҳанд,менависад Sputnik.

«Барои иҷрои ҳукми суд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои фарзандони ноболиғ, нисбати 81 сокини шаҳру навоҳии Суғд бо ҳукми суд кофтукоб эълон карда шудааст”, — таъкид намуд Амонзода.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суғд, бинобар саривақт пардохт накардани маблағи алимент ва саркашӣ намудан аз супоридани маблағи қарзи ҷамъгардидаи алимент, алайҳи 115 нафар ба унвонии ба мақомоти прокуратура пешниҳодҳо ирсол карда шуд.

Номбурда гуфт, дар асоси ҳукмҳои судӣ нисбати 12 нафар ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ, нисбати 43 тан корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ ва нисбати 2 нафар пардохти ҷарима таъин карда шудааст.

Алҳол 21 ҳазору 533 адад истеҳсолотҳои иҷро вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент дар назорати иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру навоҳии Суғд ва иҷрочиёни Хадамоти ҳарбӣ дар суди гарнизони Хуҷанд мавриди иҷроиши давравӣ қарор дорад.

Қаблан Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон низ ситондани алименту маскун карданро аз ҷумлаи мушкилоте хонд, ки иҷрочиёни кишвар бо он дучор мешаванд.

Номбурда гуфт, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон танҳо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 11 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *