Ҳотамов бо 4000 сомонӣ ришва ба даст афтод

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи Шавкатҷон Ҳотамов, мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ) дар ноҳияи Рӯдакиро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурдааст. Ҳотамов бар асоси бандҳои “в” ва “г”-и қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ бо сӯиистифода аз мансаб бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд айбдор мешавад.
Маркази матбуоти Агентӣ рӯзи 15 июн дар иттилоияш гуфт, “Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Чунончӣ, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номбурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *