Ҳуҷуми хирс ба хаткашон

Ин ҳамла дар минтақаи кӯҳистонӣ субҳи барвақт, вақте ки мард почта мерасонд, сурат гирифт.

Хирс дар роҳи кӯҳӣ  ба хаткашон ҳуҷум карда, ӯро  маҷрӯҳ кард. Ин дар шаҳри Фукуи рӯй дод. Як хаткашони  69-сола аз ин ҳуҷум  сахт маҷрӯҳ шудааст, менависад “Киодо”.

«Ин ҳамла дар минтақаи кӯҳистонӣ субҳи барвақт, вақте ки мард почта мерасонд, сурат гирифт. Ҷароҳатҳои бардошта ҳарчанд зиёданд, аммо  ба ҳаёти ҷабрдида таҳдид намекунанд», менависад РИА Новости бо такя ба ин  манбаъ.Ин дуввумин ҳамлаи хирс ба паҳнкунандаи рӯзномаҳо дар як ҳафтаи охир аст. Қаблан  дар шаҳри Каназаваи префектураи Исикава и Ҷопон чунин ҳодиса буд. Тайи даҳ рӯзи охир тақрибан ҳар рӯз гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои хирс ба одамон ворид мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *