Ҳукми қатли охирин дар давраи президентии Трамп иҷро шуд

Иҷрои ҳукми қатлро ба муддати 17 сол боздошта буданд, аммо соли гузашта Доналд Трамп дастури азсаргирии онҳоро содир кард.

Дирӯз дар Амрико сездаҳумин ва охирин ҳукми қатлро ро дар замони маъмурияти президент Доналд Трамп иҷро карданд.
Дастин Ҳигз ба қатли се зан дар соли 1996 дар Мериленд гунаҳкор буд. Эъдоми ӯ чанд рӯз пеш аз маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури мунтахаб Ҷо Байден сурат гирифт. Интизор меравад, ки Байден эъдомҳои федеролро мутаваққиф кунад.
Иҷрои эъдомҳои федеролро ба муддати 17 сол боздошта буданд, аммо соли гузашта Доналд Трамп дастури азсаргирии онҳоро содир кард.
Лиза Монтгомери аввалин зане буд, ки дар тақрибан 70 соли гузашта рӯзи 13-уми январ дар Амрико эъдом шуд. Ӯро ба куштани як зани ҳомила ва буридани тифли батнаш айбдор карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *