Ҳумайро Накҳат шоири афғон ва ошиқи Тоҷикистон даргузашт

Доктор Ҳумайро Накҳат Дастгирзодаи Панҷшерӣ шоир ва адабиётшиноси маъруфи Афғонистон, ки дар Ҳолланд зиндагӣ мекард ва чанд соли охир аз бемории саратон ранҷ мебурд, ҷаҳонро падруд гуфт. Дар ин бора сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустами Ваҳҳоб иттилоъ дод.

Мавсуф дар Ҳамоиши ҷаҳонии шеъри ҳавзаи тамаддуни Наврӯз дар соли 2016 дар Душанбе ширкат дошт ва ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ин ҳамоиш сафар карда, ашъори дилнишини худро барои мардум қироат намуд. Аз ин сафар ибрози шодмонӣ ва масаррати зиёд дошт.

Зимни ин сафар шоир Ҳумайро Накҳат бо хабарнигори “Тоҷикистон” суҳбате дошт, ки дар он ошиқи содиқи Тоҷикистон будани ӯ инъикос шудааст. Ин мусоҳиба ва як шеъри дилангези марҳумро пешкаши шуме мегардонем.

НИЁИШ

Наврӯз, боғи хастаи моро баҳор деҳ,
Дар дастҳои яхзадааш обшор деҳ.

Дар лаҳзаҳои тирагии яъсҳои талх
Овезаҳои нур биёвезу нор деҳ.

Наврӯз, он нигоҳи ғамини парандаро
То интиҳои лаззати парвоз тор деҳ.

Дасти тамоми панҷараҳои шикастаро
Дар дасти боғи равшани уммедвор деҳ.

Наврӯз, ман хаёли туам, пур зи ошиқӣ,
Ишқам, маро ба боли насиму ғубор деҳ.

Бигзор бигзарад зи хами кӯча офтоб,
Ин чашмро чу оинаҳо эътибор деҳ.

Андӯҳи рӯзгори ба хушкӣ нишастаро
Аз синаҳо бичину ба боди шарор деҳ.

Инак, тулӯъи тоза, биёрой боргоҳ,
Наврӯз, сарзамини маро хону бор деҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *