Ҳунарманди маъруф Ҷамшед Исмоилов ҳам ин дунёро тарк кард

Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва санъаткори шинохтаи кишвар субҳи 16-уми август аз олам даргузашт.  Ӯ ҳамагӣ  64 сол дошт. Аммо дар бораи сабаби марги Ҷамшед Исмоилов иттилое нест.

Номбурда 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ҷамшед Исмоилов ҳамчунин маълумоти олии дуввумро аз рӯи ихтисоси филолог дар  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гирифтааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар ҳизб дар Кӯлоб кор кардааст. Ва дар оғози солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар вазифаи муовини вазири фарҳанг ва иттилоот низ фаъолият дошт.

Аввалин суруди машҳури ӯ «Аз зери чодарак» мебошад, маъруф гашта ҳамзамон таронаи «Э модари ман» аз маҳбубтарин эҷодкардаҳои ҳунарманд аст.

Ӯ чанд соли пеш роҳбари  «Иттиҳодияҳои давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ»-и назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд, ки ба он ансамбли давлатии “Гулшан”, ансамбли давлатии рақсии “Зебо”, ансамбли “Ҷахоноро” шомиланд. То дами вопасин роҳбарии Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистонро бар зимма дошт. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *