Ҷаҳиши маргбори гумонбар ба дуздӣ аз бинои ШКД

Гадозода дар 12 ҳолати дуздии молу мулк айбдор гардида, амволи мазкур дарёфт ва мусодира карда шуда буд.

Тавре ВКД хабар додааст, Меҳриддин Гадозода, сокини деҳаи Кабиробод , ки сисола буд, баъд аз боздошт аз ҷониби кормандони милиса, аз тирезаи утоқи кории ШКД-и шаҳри Ваҳдат, аз ошёнаи сеюм худашро ба замин партофта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст ва дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД рӯзи 10 апрел гузориш дод, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Гадозода Меҳриддин Файзулло, соли таваллудаш 21-уми июни соли 1990, сокини деҳаи Кабирободи ҷамоати деҳоти Абдулвоситови шаҳри Ваҳдат боздошт шудааст. Манбаъ мегӯяд, Гадозода дар 12 ҳолати дуздии молу мулк айбдор гардида, амволи мазкур дарёфт ва мусодира карда шуда буд. Ин ҷаҳиши маргбор ҳоло мавриди тафтиши муфаттишон қарор дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *