Ҷабборов вориди Душанбе шуд

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон бо ҳадафи анҷоми сафари расмӣ шоми 28-уми июн вориди Душанбе шуд.
Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифт.
Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон Содир Ҷабборовро дар Қасри миллат “самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.”
Дар хабар гуфта мешавад, ки ба ифтихори Ҷабборов суруди милли ду кишвар садо дода, аз назди ду раҳбар қаровули фахрӣ гузаштаанд.
Сафари Ҷабборов ду рӯз давом мекунад ва дар Душанбе мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *