Ҷадвали парвозҳои “Уралские авиалинии” аз Душанбе

Тоҷикистон ба «Уралские авиалинии«, дуввумин ширкати ҳавопаймоии Русия, барои анҷоми парвозҳои чартерӣ иҷозат дод.

Душанбе – Қазон, ҳафтае як бор, рӯзи душанбе;

Душанбе – Москав (фурудгоҳиЖуковский), ҳафтае як бор рӯзи якшанбе,

Душанбе – Красноярск, ҳафтае як бор, рӯзи душанбе ;

Душанбе – Самара, ҳафтае як бор, рӯзи сешанбе;

Душанбе – Санкт-Петербург ҳафтае як бор, рӯзи сешанбе;

Душанбе – Уфа ҳафтае як бор, рӯзи душанбе ;

Хуҷанд – Москав (фурудгоҳи Жуковский), ҳафтае як бор, рӯзи душанбе

Хуҷанд – Красноярск , ҳафтае як бор, рӯзи душанбе ;

Хуҷанд – Самара, ҳафтае як бор рӯзи якшанбе,

Хуҷанд – Санкт-Петербург, ҳафтае як бор , рӯзи ҷумъа

Кулоб – Москав ҳафтае як бор, рӯзи шанбе

Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми нобяр гуфт, ширкати “Уралские авиалинии» дар мувофиқа бо мақомоти Тоҷикистон парвозҳои чартериро оғоз кард.Ин ширкат аз се шаҳри Тоҷикистон, мисли Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб мусофиронро ба 7 шаҳри Русия мебарад.Ба гуфтаи намояндагони ширкати «Уралские авиалинии» дар Тоҷикистон, нархи чиптаҳо аз шаҳрҳои кишвар ба Русия ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ аст. Дар ин парвозҳо танҳо шаҳрвандони Русия ва онҳое, ки асос барои ворид шудан ба хоки ин кишварро доранд, роҳ дода мешаванд.Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии» аз ин қарор хоҳанд буд.

Ба гуфти  сафорати Русия дар Тоҷикистон, танҳо шаҳрвандони Русия метавонанд парвоз кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ин парвозҳо роҳ дода намешаванд.

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-уми март ба ин тараф бастаанд ва санаи оғози дубораи парвозҳои маъмулӣ ҳанӯз норӯшан аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *