Ҷанозаи модари Асадуллозода ва хушдомани Президентро дар куҷо дафн мекунанд?

Фарзандони ин бибии мӯҳтарама дар Тоҷикистон аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд.

Узбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ буд, шоми 5-уми июл даргузашт.
Хабари марги ӯро ҳам ҳамсоягон ва ҳам мақомот тасдиқ кардаанд.

Ин зани 88-сола, ки модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва боз чанд фарзанди номдори дигар мебошад, як ҳафта боз зери назорати пизишкон қарор дошт.
Пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфтааст.

Фарзандони бибии мӯҳтарама дар ҳукумати Тоҷикистон аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Духтари калонии ӯ, Азизамоҳ, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳасан Асадуллозода, писари ӯ бонки “Ориёнбонк”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон-эйр” ва даҳҳо корхонаҳои хурду бузургро раҳбарӣ мекунад.

Фарзандони дигари ӯ- Амонулло Асадуллоева, ки дар ширкати “Барқи Тоҷик” масъулияти баланд дошт, ҳоло раҳбари ширкати “Сомон Суғд” аст ва Амирулло Асадулло, раиси шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) буд. Пайвандони дигари ӯ ба тиҷорат машғуланд.

Ҷанозаи марҳума,мувофиқи гуфти баъзе манбаъҳо, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балх (собиқ Колхозобод) баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *