Ҷасад аз канали Ҳисор, ӯ кист?

Наҷотдиҳандагон аз канали Ҳисор ҷасади як марди ношиносро пайдо карданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 19-уми июни соли равон аз рӯи об омадани ҷасади як марди ношинос дар канали Ҳисор ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид.

» Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд. Баъди роҳандозии як силсила корҳои фаврӣ бо ҳамкории сокинони атроф дар мавзеъи зери пули Ҳаёти нави пойтахт ҷасад аз миёни канал ба соҳил оварда шуд», — тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ғарқшуда як марди ба тахмин 50-55 –сола буда, ҳуввияти ӯ маълум нест.
Наҷотдиҳандагон ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Мақомот аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз карда, сабабҳои ғарқ шудан ва шахсияти ғарқшударо мушаххас мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *