12 духтури «Ёрии таъҷилӣ» ваксина гирифтан нахостанду аз кор рафтанд

Дар Вилояти Мухтори Яҳудиён (ЕАО), дар деҳаи Пашковои Русия  12 корманди ёрии таъҷилӣ ба далели саркашӣ аз ваксина алайҳи COVID-19 аз кор озод шуданд. Дар ин бора Владислав Коган, сардухтури зерстансияи ёрии таъҷилии маҳаллӣ хабар дод, менависад РИА Новости Вай инчунин гуфт, ки  аризаи истеъфоро  ҳамаи 15 корманди ёрии таъҷилии шаҳри Облучье наивштаанд. Онҳо ин амали худро бо он шарҳ доданд, ки онҳо пайваста дар беморхона барои мубориза бо COVID-19 кор мекунанд, аммо то ҳол касе аз эшон  сироят наёфтааст, гуфт Коган. Мақомоти тиббии вилоят итминон додаанд, ки сокинони ин минтақа минбаъд низ ёрии саривақтии тиббӣ хоҳанд гирифт. Қаблан Павел Копылов, сардухтури санитарии вилоят қарореро имзо карда буд, ки тибқи он то 15 ноябр духутрон  бояд зидди COVID-19 эм карда шаванд. То 15 декабрь бояд раванди эмгузаронии кормандони тиб ба анчом расонида шавад. Агар корманд бе сабабҳои узрнок аз эмгузаронӣ даст кашад, корфармо вазифадор аст ӯро аз вазифааш озод кунад. Аз оғози пандемия дар Вилояти Мухтори Яҳудиён беш аз 9,3 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуда, 464 бемор фавтидаанд. Дар вилоят кариб 156,5 хазор нафар ахолй зиндагй мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *