12 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд, ки 6 нафарашон кӯдак буд

Ҳоло масъулияти ин ҳамлаи маргборро ягон гурӯҳ ба ӯҳда нагирифтааст
Дувоздаҳ узви як хонавода дар Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад Ariana News аз қавли як пайванди қурбониён.

Ба иттилои манбаъ, ҳар 12 узви як хонавода бар асари таркиши маводи таркандаи худсохт ҷон аз даст доданд. Миёни кушташудагон аз ҷумла 6 кӯдак қарор доштанд.

Ин ҳодисаи нангин дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон ба вуқуъ пайвастааст.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи шанбе як мошин ҳомили як хонавода дар ноҳияи Сайид Карам бар асари таркиши маводи худсохт кушта шуданд. Ҳамзамон ду кӯдаки дигар дар ин ҳодиса шадидан маҷрӯҳ шуданд.
То кунун масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.

Дар Афгонистон задухӯрди байни куввахои хукуматй ва Толибон * чанд сол боз давом дорад. Дар моҳҳои охир Толибон қисматҳои зиёди манотиқи деҳот ва марзро ишғол карда, ба шаҳрҳои бузург ҳамла карданд.

Соли 2020 Вашингтон ва Толибон * дар Доха аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли зиёда аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он пешбинӣ мекунад, ки нерӯҳои хориҷӣ дар давоми 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *