Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Мошини масофа”, ихтирои аспиранти тоҷик ҷаҳонро дигар мекунад

Бадани шумо дар дохили ин мошин ба атому электрон табдил ёфта, мисли он ки садои телефон ба шакли электронӣ меравад, аз як ҷо ба ҷое, ки бароятон зарур аст, фиристода мешавад ва минбаъд, пас аз вақти муайяне,ки дар таймер мегузоред, шумо ба шакли аввала бармегардед

-Ало, шумо Ҳоҷӣ Бобо мӣ? – субҳи барвақт садои занги мобилӣ хоби баъд аз намози бомдодиамро ҳаром кард. Хоболуд “ҳа” гуфтаму хизмат пурсидам.
-Аз шумо як илтимос, зуд ба назди “Садбарг” биёед, ман шуморо интизор…
Эътироз кардам, ки имрӯз шанбе аст ва ман ба ҷои кор намеравам. Аммо аз он тарафи гӯшӣ ҳамсуҳбатам исрор мекард, ки ҳатман оям ва ултиматум монд, ки агар набиёям, ягон журналисти дигарро даъват мекунаду сомонаи мо ду даст дар бинӣ хоҳад монд ва ҷаҳониён аз бузургтарин ихтирои инсоният аз расонаҳои дигар огоҳ мешаванд. Аввал хушам наомад, ки аз ҷойгаҳи гарм берун шавам, аммо кунҷковии ирсӣ боло гирифт ва зуд бархоста, мошинро, ки аккумулятораш бе барқ шуда буд, бо ёрии “сварка” ба кор даровардаму (ин роҳи чолон кардани мошини бе аккумулятор бозёфти писарам буд) ба “Садбарг” омадам ва мардеро, ки ба ман занг зада буд, аз рӯи нишонаҳои гуфтааш дар нишастгоҳи рӯ ба рӯи ҳайкали Айнӣ ёфтам.
Пас аз андаке суҳбат маълум гардид, ки исми ҷавонмарди тақрибан 25-26 – солаи рӯбарӯямистода Самандар Очилзода будааст ва аспиранти Донишгоҳи техникӣ мебошад. Гумон кардам, ки Очилзода ягон мақолаи илмӣ дар “Тоҷикистон” чоп кардан мехоҳад. Бинобар ин, норизо гуфтам:
-Ҷавони хуб, шумо бояд ба муҳаррири ҳафтанома муроҷиат кунед. Ҳоло ман муҳаррир не…
-Не, ман маҳз ба шумо мехоҳам ихтирооти худро нишон диҳам, зеро дар бораи ҳамаи кашфиётҳои илмӣ бештар шумо менависед.
-Боз ягон гаҳвораи худкор ё трактори дастӣ ихтироъ кардагистед? Ин чизҳоро аллакай дар бозори “Корвон” мефурӯшанд…- норозигии худро пинҳон карда натавониста гуфтам.
-Э не е… Мехоҳам бо чашмони худ як ба ихтирои ман нигоҳ кунеду баъд худатон хулоса бароред. Рафтем…
Ӯ ба ҷону ҳолам намонда, маро ба лабораторияе, ки дар ошёнаи сеюми Донишгоҳи техникӣ қарор дошт, овард ва дар рӯ ба руйи як мошини монанд ба пулгузаронаки телефон, аммо каме калонтар гузошту гуфт:
-Ба куҷо рафтан мехоҳед?
Саволаш андаке маро ҳайрон карда бошад ҳам, бо зарда гуфтам:
-Ба хона, ба ҷойгаҳи гарм…
-Ягон ҷои дуртарро ном гиред, – ҷиддӣ гуфт Самандар. Чун аз он, ки маро сари субҳ як ҷавон масхара карда истодааст, оташи ғазабам бештар мешуд, гуфтам:
-Ба хонаи очаат…
-Майлаш,- гуфт Самандар ва маро вориди “будкаи пулгузаронак” кард ва садои ба мусиқии “Шашмақом” монанде ба гӯшам расиду пеши чашмонамро туман фаро гирифт…
Пас аз лаҳзае чашм кушоям, дар назди оташдоне нишастааму дуди таппак чашмонамро месӯзонад. Аз он тарафи оташдон кампире нишаста дар деги болои он шир мепухт. Ҳайрон будам, ки чӣ тавр ин ҷо пайдо шудаму ин пиразан кист. Аммо кампир, ба ҷои он ки аз пайдо шудани ман ба ҳайрат афтад, баръакс як коса шири навпухтаро суям дароз карда, гуфт:
-Гиред, ин ширро хӯред, ки нав пухтам. Ман қилиқҳои хунуки Самандарроо медонам, шумо сеюмин касед, ки ба назди ман, ба Сари Хосор мефиристад. Пештар як нафар доктори илму боз ким кадом як намояндаи илми ҷаҳонӣ омада буданд. Самандар гуфт, ки ҳар ду ҳоло дар “психболнитса” ҳастанд. Ҷувонамарг боз шуморо фиристодааст. Хайр зиқ нашавед, ҳамагӣ пас аз се дақиқа боз дар назди ӯ хоҳед шуд…
Қасабаю деворҳои лойӣ ва манзараи кӯҳистони атрофро аз тирезачаи хурд тамошо карданӣ шуда, аз ҷоям нимхез шудам, аммо сарам боз чарх заду пеши чашмамро туман гирифт. Дида боз карда, боз ҳам худро дар назди Самандар дидам, ки бо табассум мепурсид:
-Очаамро дидед? Саломатиаш хуб аст? Боз маро сарзаниш кардагист… Чӣ кор кунам, охир роҳбари илмиам Салимзода ва доктор Питер Шакен, ки хостам ихтироотамро аввал ба онҳо нишон диҳам, мисли шумо ба саволи он, ки ба куҷо фиристам, “ба назди очаат” гуфтанд ва пас аз бозгашт бемори рӯҳӣ шуданд. Ба хулосае омадам, ки барои ин ихтироотро муаррифӣ кардан шахсе лозим аст, ки ба муъҷиза бовар кунад. Чун шумо аз ҷумлаи чунин шахсонед, барои ҳамин интихобам сари шумо шуд.
Самандар ин суханҳоро мегуфту ман кӯшиш мекардам, ки аз он чизе дарк кунам. Танҳо ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки ба Самандар муяссар гардидааст, асбобе ихтироъ кунад, ки дар як лаҳза инсонро аз як нуқта ба нуқтаи дигар расонад. Қаблан низ бисёр олимон кӯшиш карда буданд , ки ”Мошини вақт” (“Машина времени”) ихтироъ карда, ба умқи таърих ворид шаванд, аммо ҳамаи ин кӯшиш ба ҷуз дар асарҳои Жюл Верн ва дигар нависадагони фантастик, дар ҷои дигаре муваффақ нашуданд. Аммо ҳоло дар рӯи ба рӯи ман “Мошини масофа” (“Машина растояние”) –и Самандар меистод, ки инсонро дар чанд сония аз як гӯшаи дунё ба гӯшаи дигараш мебурд. Андаке ба худ омадаму канда- канда аз ӯ пурсидам:
– Ин…мошин… д..дур мепарад мӣ?
Самандар хандида гуфт:
-Ин намепарад, балки бадани шумо дар дохили ин мошин ба атому электрон табдил ёфта, мисли он ки садои телефон ба шакли электронӣ меравад, аз як ҷо ба ҷое, ки бароятон зарур аст, фиристода мешавад ва минбаъд, пас аз вақти муайяне,ки дар таймер мегузоред, шумо ба шакли аввала бармегардед. Ман қариб як сол мешавад,ки чӣ тавр ба нейтрону электрон табдил додани ҷисми инсонро ихтироъ карда будам, аммо ихтирои мошини фиристонандаи он (яъне “телефон”-аш) андаке таъхир кард. Ба наздикӣ , аниқтараш рӯзи якуми апрел муаррифии онро дар сатҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунам.(Самандар пас аз ин ним соат чӣ тавр ба электоронҳо табдил ёфтани ҷисми моддӣ ва фиристодани он ба мавҷ ба ман лекия хонд,ки аз он чизе нафаҳмидам)
Ҳарчанд кӯшиш кардам, аммо пас аз дидану шунидани ин ҳодиса то дер вақт ба худ наомадам ва зуд қалам гирифта, ба навиштан сар кардам. Мабодо дигарон аз ман пешдастӣ накунанд? Имрӯз, рӯзи таърихист ва шояд дар оянда якуми апрелро чун Рузи бузургтарин Ихтироот ҷашн гирем.Ихтирооти мазкур акнун метавонад барои муҳоҷироне,ки ба хотири чиптаи тайёра навбат мепоянд, давои беҳтарини дардашон гардад. Имрӯз, 1 апрел, дар давоми рӯз дар Академияи миллии илмҳои ҶТ муаррифии ихтирооти Самандар Очилзода бо номи “Мошини масофа” баргузор мегардад, агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз пайдо шудани ин намуди нави нақлиёт огоҳ шуда, садди роҳаш нагарданд, марҳамат ба Академияи Илмҳо.
Якуми апрелро ҳамчун Рузи бузургтарин Ихтироот ҷашн бояд гирифт, зеро дар ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои ҶТ муаррифии ихтирооти Самандар Очилзода бо номи “Мошини масофа” баргузор мегардад…

А.АҲМАДЗОДА,
аввалин мусофири “Мошини масофа”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Саида 02.04.2021 08:23

    Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Бахудо қариб бовар мекардам!

  2. Саида 02.04.2021 08:24

    Ҳар чӣ шуданаш мумкин. Хайрият очааш зинда будааст. Бахудо қариб бовар мекардам!

  3. Одам 04.04.2021 17:34

    А. Ахмадзода, хеле шухии хуб, агар ин рост мебуд, ба кисаи Шумо 1000000 доллар ва ба ихтирокораш 5% арзиш аз истехсолаш умрбод ва мероси мешуд!!!
    Сурогаи пул медодагихоро доданам мумкин, агар зарурат дошта бошед!!!

  4. Абдумудассир Ахмадзода 04.04.2021 20:33

    Иншоолоҳ, мешавад.Суроар фиристодан гиред…

  5. Одам 05.04.2021 19:48

    Абдумудассир Ахмадзода, телефон ва почтаи электрониям дар Шумо хаст!!
    Зангзанед ва ё нависед, нусаи хуччатхо ва видеоро мегираму дар давоми як хафта пул дар суратхисобатон мешавад, шартномаро барои истехсол, ба ихтирокор мерасонед!!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.