Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муаллими рӯшониро барои зодрӯзаш ҷарима карданд

Қонуни танзими ҷашну маросимҳо яке аз пурбаҳстарин қонунҳои солҳои охир дар Тоҷикистон аст.

Дар Тоҷикистон як омӯзгори мактаби миёнаро барои вайрон кардани қонуни баҳсбарангези танзими расму оинҳо ҷарима кардаанд. Прокураткураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки омӯзгори мактабе дар ноҳияи Рӯшон зодрӯзашро дар ҳалқаи 45 меҳмон, ки аксарият ҳамкоронаш будаанд, дар ошхона ҷашн гирифтааст. Ҳамчунин ба ин маърака овозхонро даъват кардаанд, ки, ба қавли прокуратура, низ нақзи қонун маҳсуб меёбад. Бо қарори суд, омӯзгор ва сароянда ҷарима шуданд. Пркуратураи ноҳияи Рӯшон ба шӯъбаи маориф барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани директори мактаб ва муаллимоне, ки дар ҷашни зодрӯз ширкат доштанд, санад фиристодааст. Қонуни танзими ҷашну маросимҳо яке аз пурбаҳстарин қонунҳои солҳои охир дар Тоҷикистон аст. Ташкилу баргузории зодрӯзҳоро танҳо дар доираи оила иҷоза дода мешавад, дар ҳоле, ки бисёриҳо ин муқарраротро ноодилона меҳисобанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.