Намози ид барпо шуд, идгардак идома дорад

Субҳи имрӯз кӯчаҳои Душанбе пур аз кӯдакон буд, ки бо халтачаҳо ба табрики наздикон мерафтанд ва савғотии идона мехостанд.

Ин субҳ намози иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6 хонда шуд. Мусалмонони Тоҷикистон баъд аз хуруҷи бемории COVID-19 бори нахуст дастаҷамъона дар масҷидҳои кишвар ҷамъ омада, иди Фитрро истиқбол карданд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳузури садҳо намозгузор, мусалмонони кишварро ба фарорасии иди Фитр табрик карда гуфт:
«Дар ин шароит вазифаи ҳар як мусалмон ин аст, ки дар фикри ҳамгироӣ бо куллияи кишварҳои ҳамсоя бошем, аз танишҳову бархурдҳо парҳез дорем. Ҳамзамон, бояд ба зарардидаҳои офатҳои табийӣ дар кишвар дасти кӯмак дароз кунем.»
Масъулини масҷиди марказии Душанбе ва дигар масоҷиди кишвар ҳангоми вуруди намозгузорон риояи қоидаҳои беҳдоштиро назорат мекарданд. Вале дар дохили масҷидҳо қоидаҳои беҳдоштӣ аз сӯи намозгузорон камтар риоя мешуд.
Баъд аз анҷоми намози ид мусалмонони Тоҷикистон тибқи анъана ба зиёрати қабрҳои наздиконашон рафта, сипас ба табрики хешовандон ва дӯстони худ машғул шуданд.
Субҳи имрӯз кӯчаҳои Душанбе пур аз кӯдакон буд, ки бо халтачаҳо ба табрики наздикон мерафтанд ва савғотии идона мехостанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.