Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Интерпол дар ҷустуҷӯи президент

Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Нурбек Абдиев хабар дод, ки президенти бедаракшудаи мактаби байналмилалии “Сапат”-и Қирғизистон Орхан Инон таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дода шуд.

Бинобар иттилои Радиои Озодӣ бедаракшавии президенти мактаби байналмилалии “Сапат” вокунишҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овардааст. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳатто дастур дод, ки ҷустуҷӯи мудири мактаби мазкур пурзӯр карда шавад.

Гуфта мешавад, ки президенти мактаби байналмилалии “Сапат” шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои “Сапат”-у донишгоҳи “Отатурк Ала-Тоо” мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.