Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Лексус” бо шаш мусофиру як тобут ба Панҷ афтод

Дирӯз субҳ як мошини “Лексус”,ки шаш мусофир ва 1 тобут дошт, дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия мебурд.
То ҳол ҷасади ду нафарро пайдо карда, тақдири чор нафари дигар норавшан аст. Ин фоҷиаро дар суҳбат бо “Азия плюс” раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мусо Мирзозода тасдиқ кардааст.
Номбурда дар шарҳи ин ҳодисаи мудҳиш гуфт, ки дар мошини тамғаи “Лексус”, ки ба сокини деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим тааллуқ дошту ба дарё сарозер шуд, ҷасади як зан ҳам буд ва ҳодиса ҳангоми овардани ҷасади зан аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим рух додааст.
Сабаби ба дарё сарозер шудани мошин то ба ҳол маълум нест.
– Ҳоло тобути зани фавтидаро ҳамроҳ бо ду нафар мусофир дарёфт карданд.Ҷасади онҳо дар ноҳияи Дарвоз аст ва ҷасадҳоро ба ноҳияи Ишкошим интиқол медиҳанд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома дорад,-гуфт раиси ноҳия Мирзозода.
Мавсуф гуфт, ки ҳамаи кормандони масъул ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд ва ҳодиса зери назорати шахсии раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.
– Бо супориши раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамаи хадамоти наҷотдиҳӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Кофтуков идома дорад. Ман шахсан бо раиси ноҳияи Дарвоз дар тамос ҳастам. Мардум сафарбар шудааст, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар ҷойи ҳодиса ҳастанд,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.