Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толибон дар Кобул тирпарронӣ намуданд

Шоҳидон гуфтанд, Толибон* ба сӯи тазоҳургарони зидди Покистон тирандозӣ карданд

Толибон* дар шаҳри Кобул алайҳи эътирозгарони зидди Покистон оташ кушоданд. Дар ин бора як шоҳиди ҳол ба РИА Новости хабар додааст.

Дар бораи қурбониён ҳич як хабаре дода нашудааст.

Тазоҳурот дар пойтахти Афғонистон пас аз боздиди раҳбари хадамоти иктишофии байниидоравии Покистон Файз Ҳамид бо даъвати Толибон*, баргузор шуд.

Яке аз эътирозгарон гуфт, онҳо тазоҳуротро аз шимоли Кобул оғоз карда, то сафорати Покистон расиданд.

Пештар намояндаи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид аз аҳолии Афғонистон даъват кард, ки аз тазоҳурот худдорӣ кунанд, чун кишвар тоза “аз буҳрон берун шудааст”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.