Уқибой: Назарбоев аз вазифаи ҳизбиаш ҳам истеъфо дод.

Президенти собиқи  Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раисии Ҳизби ҳокими «Нур Отан»-и ин кишвар низ истеъфо дод. Ба гуфтаи сухангӯи президенти нахустини Қазоқистон Айдос Укибой, ҳизбро президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев бояд раҳбарӣ кунад.

Уқибой гуфт, ин қарори Назарбоев «танҳо идомаи мантиқии интиқоли қудрат дар Қазоқистон аст». «Ба гуфтаи Назарбоев, ҳизби «Нур Отан», бахусус дар ҳоли ҳозир дар шароити буҳрони ҷаҳоние, ки дар пайи пандемияи коронавирус ба миён омадааст, барои президенти Қазоқистон бояд такягоҳи асосӣ бошад», — афзудааст Уқибой.

​Назарбоев 19 марти соли 2019, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ дар маҳзари ом ҳозир намешавад. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон буда, ҳамчунин аз унвони «Пешвои миллат» бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.