Вазир: Гунаҳгорон бояд ҷазо гиранд

Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лавров қазияи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар сӯхтори қасдан рухдода фавтиданд,  баррасӣ карданд.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Русия  тариқи телефонӣ суҳбат кардаанд.

«Мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух додааст, ки дар натиҷаи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд», —  иттилоъ медиҳад маркази матбуоти  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи Сергей Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кардааст. Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор диҳанд.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд ва доир ба баъзе масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо тамаркуз ба иҷрои карорҳои ҷаласаи Душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД табодули афкор намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.