Куштори Ҳоҷӣ дар рӯи ҷойнамоз

Шаби 3 декабр Ҳоҷӣ Баҳрибой Тӯпалов, сокини 64-солаи деҳаи Пушти Қӯрғони ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакентро ҷияни худаш Абдурашид Оймаҳмадов бо як бераҳмии махсус дар болои ҷойнамоз ба қатл расондааст. “Ҳодиса тақрибан соати даҳи шаби 3 декабр дар хонаи духтари Ҳоҷӣ Баҳрибой, ки ҳамсари бародари Абдурашид буд, рӯй додааст.

Абдурашид, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, вақти намози хуфтанро хондани тағояш ба вай аз пушт ҳамла оварда, Ҳоҷиро аз пой меафтонад ва бо мушту лагат гардану қабурғаҳои мӯсафедро мешиканад. Танҳо баъди ин Абдурашид баромада, хабар медиҳад, ки мурдаи Ҳоҷӣ Баҳрибойро бигиред”, — нақл кардааст як сокини деҳаи Пушти Қӯрғон .

Абдурашид Оймаҳмадов, соли таваллудаш 1991, ҳоло дар тавқифгоҳи ШВКД шаҳри Панҷакент қарор дорад. Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, Абдурашид дар ягон ҷо кор намекард ва зиёд машрубот менӯшид.

“Ҳоҷӣ Баҳрибой як одами хоксор буд ва бо деҳқонӣ рӯзашро пеш мебурд. Он кас, ҳарчанд ба Абдурашид тағои ӯгай мешуд, вале ҳамеша ӯро насиҳат мекард, ки шаробнӯширо бас кунад, ба роҳи рост пой монад. Абдурашид чанд дафъа ба духтари Ҳоҷӣ Баҳрибой, ки ҳамсари бародараш ҳам буд, гуфта будааст, ки ҳамин насиҳатҳои падарат ҳеҷ намефорад ба ман, кадом рӯз падари насиҳатгаратро мекушам барои насиҳатҳояш”, — нақл кардаанд сокинони Пушти Қӯрғон.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд ва танҳо дар моҳи ноябр ВКД дар бораи 7 чунин ҷинояти сангин хабар додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.