153 ҳолати балои COVID-19 дар Олимпиада Токио

Созмондиҳандагони бозиҳои олимпӣ дар Токио гуфтанд, ки аз оғози моҳи ҷорӣ дар 153 нафари сабтшуда барои ширкат дар бозиҳои олимпии Токио тести мусбати олудагӣ ба COVID-19 ошкор шудааст ва аз инҳо 16 нафарашон дар 24 соати гузашта ба қайд гирифта шудаанд.

19 нафари онҳо варзишгарони иштирокдори бозиҳои олимпӣ мебошанд. Бархе аз ин варзишгарон дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, ки он ҷо дар маҷмӯъ то ҳол 16 ҳолати мусбати олудагӣ ба вирус ошкор шудааст.

Нафарони олудашударо масъулин ба меҳмонхонаҳои махсус карантин карданд. Бозиҳои олимпие, ки бо сабаби пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтоданд, рӯзи 23 июл дар Токио таҳти шароити изтирорӣ шурӯъ шуданд. Барои тамошову ҳаводории бозиҳо ҳеҷ як тамошобин аз дохил ва хориҷи Ҷопон роҳ дода нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *