26 бозигари тими миллии духтаронаи Афғонистон аз тарси Толибон фирор карданд…

Бозигарони ҷавони тими миллии занонаи Афғонистон ба Португалия рафтаанд

26 бозигари тими миллии духтаронаи Афғонистон ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар Португалия паноҳ бурданд, хабар додааст dw.com

Ба иттилои манбаъ, духтарон дар натиҷаи талошҳои эътилофи байналмилалӣ тавонистанд Афғонистонро тарк кунанд ва шоми якшанбе вориди Португалия шуданд.

Гуфта мешавад, бозигарони тими миллии футболи духтарони то 16-солаи Афғонистон пеш аз тавони тарки Афғонистон ҳафтаҳо дар номуайянӣ ва изтироб қарор доштанд ва акнун ба кишвари амн паноҳанда шуданд.

«Бозингарон интизори паёме буданд, ки ниҳоят субҳи якшанбе ба онҳо расид. Ба онҳо хабар доданд, ки як ҳавопаймои чартерӣ онҳоро ва хонаводаҳояшонро аз Афғонистон мебарорад. Онҳо ҳатто намедонистанд, ки ба кадом кишвар мераванд. Танҳо гуфта мешуд, ки автобусҳо дар роҳ аст ва онҳоро ба фурудгоҳ мебарад», — афзудааст манбаъ.

Пас аз он ки Толибон* Афғонистонро ишғол карданд, ҷой барои занон, аз ҷумла варзишгарон, дар ин кишвар тангу хатарнок шуд.

Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки дигар дар бораи ҳузури занони афғон дар варзиш хабаре нахоҳад буд ва ба ин далел ва албатта хатарҳои эҳтимолӣ, варзишгарони зан Афғонистонро тарк мекунанд.

Ёдовар мешавем, қаблан «Толибон»* гуфта буданд, ки ширкати занонро танҳо дар варзиши крикет роҳ медиҳанду халос.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *